Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Зарурати ҳамкории зич ва риояи ҳуқуқи инсон ҳангоми муқовимат ба терроризм дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд таъкид карда шуд
Publishing date: 4 май 2018
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Secretariat, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Countering terrorism
ДУШАНБЕ, 4 майи соли 2018 – Муттаҳид намудани кӯшишҳои муқовимат ба ифратгароии хушунатомез ва тундгароӣ дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мадди назари конфронси сатҳи баланди дурӯза буд, ки имрӯз дар Душанбе ба анҷом расидааст. Конфронси таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо САҲА, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо доир гардид.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе конфронси ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот бахшидашударо дастгирӣ менамояд
Publishing date: 3 май 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
Хабарнигорони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия дар конфронси байналмилалии “Озодии сухан: имкониятҳо ва дурнамоҳо дар минтақа”, ки 3 май дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот баргузор гардид, ширкат варзиданд.
САҲА ва Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳамкорӣ барои бори аввал дар чорчӯби мандати таҷдидшуда нишаст баргузор мекунанд
Publishing date: 11 апрел 2018
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 11 АПРЕЛИ СОЛИ 2018 – кормандони баландмақом аз САҲА ва Ҳукумати Тоҷикитсон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои арзёбии ҳамкорӣ дар соли 2017 ва таҳияи дидгоҳи муштараки барномавӣ дар соли 2019 имрӯз дар шаҳри Душанбе нишаст баргузор намуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена баромад кард
Publishing date: 14 феврал 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
12 феврали соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар ш. Вена (Австрия), ки дар он намояндагони кишварон-иштирокчиёни САҲА ширкат доштанд, суханронӣ намуд. Ба ин ҷаласа Вазир Рамазон Раҳимзода аз тарафи Котиби генералии САҲА Томас Гремингер ва раиси амалкунандаи (аз тарафи Испания) Кумитаи амнияти САҲА, сафир Виктория Гонсалес Роман даъват шуда буд.
Баргузории семинар оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила дар ноҳияи Хуросони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 2 феврал 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Баробарии гендерӣ, Волоияти қонун
2 феврали соли 2018 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон семинари якрӯза барои гурӯҳи кории байнисоҳавӣ, ки бо масъалаҳои зӯроварӣ дар оила кор мебарад, баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд...
Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 7 июл 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод...
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти худро аз 1 июли соли 2017 оғоз менамояд
Publishing date: 1 июн 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Chairmanship, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо