Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон конфронс баргузор намуд
Publishing date: 1 август 2019
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings, Ҳуқуқи инсон
25 июли соли 2019, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон фаъолияткунанда барои ширкат варзидан дар конфронси аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон доирнамуда ҷамъ омаданд...
САҲА барои кормандони милитсия, прокурорҳо ва судяҳои Тоҷикистон оид ба Протоколи Истамбул омӯзиш доир менамояд
Publishing date: 19 июл 2019
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олӣ ва дигар мақомоти давлатӣ силсилакурсҳои омӯзиширо оид ба Протоколи Истамбул баргузор намуд, ки он 13 июл дар Сароб, дар наздикии Душанбе ба анҷом расид. Дар курсҳо тақрибан 150 судя, прокурор ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ширкат варзиданд...
САҲА конфронси бахшида ба даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
Publishing date: 23 май 2019
21 ва 22 майи соли 2019 намояндагони мақомоти ҳуқуқи инсон ва омбудсменҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва Озарбойҷон, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ омаданд, то даҳсолагии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Душанбе таҷлил намоянд..
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии САҲА дар Душанбе ҷаласа доир менамояд
Publishing date: 7 феврал 2019
1 ва 2 феврали соли 2019 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи дуюми солонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
САҲА сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистонро ба Гурҷистон баҳри омӯхтани таҷрибаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор кард
Publishing date: 19 октябр 2018
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Ҳуқуқи инсон, Омӯзиш
Аз санаи 8-ум то 12-уми октябри соли ҷорӣ, аъзоёни гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон рафтанд. Мақсади сафар аз омӯхтани таҷрибаи Гурҷистон оиди иҷроиш ва назорати Стратегия ва Нақшаи амали ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон буд. Сафари омӯзишӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ Гурҷистон ташкил ва баргузор гардид.
Мулоқоти Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 7 июл 2017
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 7 июли соли 2017 – Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин Мухридинович вохӯрд. Ҳангоми вохӯрӣ Сафир Юрёля оид ба тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдили Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» аз 1 июли соли 2017, ки тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА 1251 пешбинӣ шуда буд, иттилоъ дод...